Гурӯҳи Толибон раводиди сафари ронандагони тоҷик ба Афғонистонро лавғ кард
Гурӯҳи Толибон раводиди сафари ронандаҳои мошинҳои боркаши Тоҷикистон ба Афғонистон ҳангоми вурӯд ба Бандари Шерхонро лағв кардааст.
Ба гузориши сомонаи Тоҷвек, ронандагони тоҷик эълом кардаанд, ки қаблан барои сафар ба Афғонистон ва дарёфти раводид маблағи 200 доллар ва 1 ҳазор сомонӣ ҳазина мекарданд, ки акнӯн танҳо 60 сомонӣ барои транзити коло пардохт мекунанд. Ин дар ҳоле аст, ки чанд рӯз қабл сафорати Афғонистон дар Душанбе судӯри раводиди сафар ба ин кишвар барои шаҳрвандони Тоҷикистонро мутаваққиф карда буд.
Бо ин ҳол Аҷмал Кокар, хабарнигори сомонаи "Пажвок" дар вилояти Қундӯзи Афғонистон гуфтааст, ки мошинҳои боркаши Тоҷикистон бидуни мамониат машғӯли интиқоли семент ҳастанд.
Аз сӯи дигар гурӯҳи Толибон бо интишори навори видеои дар шабкаҳои иҷтимоӣ эълом кардааст, ки гузаргоҳҳои марзии Афғонистон барои интиқоли коло боз аст.
Шерхон-Бандар ба унвони бузургтарин гузаргоҳи марзии Тоҷикистону Афғонистон аз рӯзи 22 июни соли ҷорӣ ба ишғоли гурӯҳи Толибон даромадааст.
Бештар бихонед:
- Даргирии нерӯҳои давлатии Афғонистон бо шибҳи низомиёни Толибон дар минтақаи марзии Тоҷикистону Афғонистон
- Таъсири баста шудани Бандари Шерхон дар равобити тиҷории Тоҷикистону Афғонистон