Июл 14, 2021 14:17 Asia/Dushanbe
  • Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо вазирони умури хориҷаи СҲШ дар Душанбе

Дар дидори раисиҷумҳури Тоҷикистон бо вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар Душанбе бар зарурати нақшофаринии фаъоли созмони Шанхай дар масоили минтақаӣ таъкид шуд.

Ба гузориши сомонаи Ховар, дар ҷараёни мулоқот вазъи феълии ҳамкории давлатҳои аъзои Созмон ва масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки Эмомалӣ Раҳмон яке аз муассисони Созмони ҳамкории Шанхай мебошад ва дар солгарди 20-уми таъсиси созмон Тоҷикистон раисиро дар ин ташкилоти бонуфуз бар уҳда дорад.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, «Тоҷикистон раисиро дар Созмони ҳамкории Шанхай мутобиқи принсипҳои пештар изҳоршудаи муттасилӣ, баробарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми мавқеи ҳар як давлати узв иҷро мекунад. Вазифаи асосии раисии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки дар якҷоягӣ бо дигар давлатҳои аъзо ва мақомоти доимӣ рушди минбаъдаи пешрафти Созмон таъмин карда шавад».

Зикр гардид, ки дар давраи 20 соли фаъолияти худ Созмони ҳамкории Шанхай ҳамчун ташкилоти минтақавӣ роҳи ташаккули худро бомуваффақият тай намуда, дар байни сохторҳои байналмилалӣ ҷойгоҳи сазоворро ишғол намуд. Дар ин муддат Созмон тамоми масъалаҳои рӯзномаи байналмилаливу минтақавиро — аз сиёсат то амният, иқтисодиёт ва ҳамкории гуманитарӣ фаро гирифт.

Дар мулоқоти имрӯза Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И, Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров ва Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Субраманям Ҷайшанкар суханронӣ карданд.

Нишасти Шӯрои вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ба раёсати Тоҷикистон дар душанбе дар ҳоли баргузарист.

Бештар бихонед:

 

Барчасп