Июл 14, 2021 18:05 Asia/Dushanbe
  • Баргузории нишасти Шӯрои ҳамоҳангкунандагони миллии кишварҳои узви СҲШ

Нишасти Шӯрои ҳамоҳангкунандагони миллии кишварҳои узви СҲШ ба раёсати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

70 мавзуъ дар дастури кори ин иҷлос қарор дошт.

Раванди омодагии ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷа (13 - 14 июл дар шаҳри Душанбе) ва дидори вазирони хориҷаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ва Афғонистон дар қолаби “Гурӯҳи тамоси Созмони Ҳамкории Шанхай – Афғонистон” (14 июл дар шаҳри Душанбе) аз муҳимтарин мавзӯоте буд, ки ширкаткунандагон баррасӣ карданд.

Шӯрои ҳамоҳангкунандагони миллӣ вазифаи ҳамоҳангии кулии фаъолиятҳои Созмони Ҳамкории Шанхайро бар ӯҳда дорад.

Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбакистон, Ҳинд ва Покистон узви СҲШ ҳастанд.

Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон кишварҳои нозир ва кишварҳои Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шриланка низ шарикони иқтисодии ин созмон ҳастанд.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп