Барканории раиси полиси ноҳияи Панҷ
Раиси идораи полиси ноҳияи Панҷ барканор шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз яке аз манобеи хабарии Осиёи марказии Вазорати кишвари Тоҷикистон сарҳанг Шамсуллоҳ Маҳмудов раиси идораи полиси минтақаи Панҷ ва бародарзодаи Муҳаммадсаид Убайдуллоев, аз мақомоти баландпояи собиқи Тоҷикистонро аз кор барканор кард.
Ба гуфтаи мақомоти Шамсуллоҳ Маҳмудови 56- сола акнун дар ҳолати " мунтазири хидмат " ё " захираи персонел" аст.
Идораи полис Панҷ эълом кард, Баҳром Шукриев ҷойгузини Маҳмудов шудааст.
Вазорати кишвари Тоҷикистон гуфт: Барканории Маҳмудов ҷобаҷои оддии нерӯҳои низомӣ буда ва ҳеч далели дигаре надоштааст.
То панҷ соли пеш, Муҳаммад Саид Убайдуллоев амаки Маҳмудов раиси собиқи порлумони Тоҷикистон ва шаҳри Душанбе буд.
Дар Тоҷикистон то замоне, ки афроди машҳур дар сиёсат таъсиргузор бошанд, хешовандони онҳо ҳам дар самтҳои мухталиф кор мекунанд, вале пас аз даст додани нуфузи мансаб, дастгирии наздикони онҳо амри оддист.
Ҳеч мақоме токунун далели воқеии барканории Маҳмудовро тавзеҳ надодааст, аммо бисёре ихроҷи вайро бо коҳиши нуфузи Убайдуллоев дар сиёсати Тоҷикистон муртабит медонанд.
Аммо манобеи хабарии наздик ба идораи полиси Хатлон ва додситонии ин иддаоро рад карданд ва гуфтанд, яке аз далоили ихроҷи Маҳмудов марги Меҳроншоҳ Ҷумаев 25- сола аст ки 7 феврал ҳангоми таҳвили аслаҳа ба полиси мавриди зарбу шатм қарор гирифт ва кушта шуд.
Шамсуллоҳ Маҳмудов дар даҳаи 1980 ба муддати се сол дар артиши Шуравӣ дар Қандаҳори Афғонистон хизмат кард.
Вай дар даҳаи 1990 ба нерӯи полис мулҳақ шуду раёсати идораи полиси манотиқи мухталифи Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт.