Гушоиши намоишгоҳу фурӯшгоҳи маҳсӯлоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Душанбе ва ноҳияҳо
(last modified Sat, 15 Jul 2023 09:59:42 GMT )
Июл 15, 2023 14:59 Asia/Dushanbe
  • Аз аввали июл намоишгоҳу фурӯшгоҳи маҳсӯлоти кишоварзӣ ва саноъати дастӣ дар ноҳияҳои мухталифи Тоҷикистон баргузор мешавад
    Аз аввали июл намоишгоҳу фурӯшгоҳи маҳсӯлоти кишоварзӣ ва саноъати дастӣ дар ноҳияҳои мухталифи Тоҷикистон баргузор мешавад

Фардо 16 июл дар паркҳои фарҳангӣ ва фароғатии шаҳри Душанбе,ноҳияҳои Исфара, Бобоҷон Ғафуров ва Хуросон намоишгоҳу фурӯши маҳсӯлоти кишоварзӣ баргузор мешавад.

Ба гузориши Ховар, аз аввали июл  намоишгоҳу фурӯшгоҳи маҳсӯлоти кишоварзӣ,ҳунарҳои мардумӣ,ғизоҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангӣ ва фароғатӣ дар шаҳрҳоу навоҳии Тоҷикистон дар паркҳои фарҳангӣ- фароғатӣ баргузор мешавад .
Парки Ирам дар Исфара,боғи фарҳангии " Кули Ҷавонон  дар ноҳияи Бобоҷони Ғафуров ва парки Низомиддин Алишери Навоӣ дар ноҳияи Хуросон мизбони боздидкунандагон аст .
Замони намоишгоҳу фурӯши маҳсулоти миллӣ ва ғизоҳои миллӣ аз соъати 8 то 11 ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва  барномаҳои фарҳангӣу адабӣ аз соъати 17 то 20 таъйин шудааст .
То кунун дар ноҳияи Рудакӣ, Ҳисораҳдат,Шаҳртус, Конибодом,Қубодиён,Турсунзода,Ҷайҳунаббор Расулов, Спитаменаҳринаванҷ ва дигар соири шаҳрҳо ва ноҳияҳои намоишгоҳҳо ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор шудааст .
Намоишгоҳу фурӯши маҳсӯлоти кишоварзӣ,ҳунарҳои мардумӣ, ғизоҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангӣ ва фароғатии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон то 25 август дар паркҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе-пойтахти ин кишвар идома дорад.