Бозгашти 345 табааи қирғизтабори афғонӣ ба кишварашон
(last modified Mon, 19 Jul 2021 09:31:50 GMT )
Июл 19, 2021 14:31 Asia/Dushanbe
  • Кумитаи Амнияти Миллии Тоҷикистон аз бозгашти 345 табааи қирғизтабори афғонӣ ба кишварашон хабар дод.
    Кумитаи Амнияти Миллии Тоҷикистон аз бозгашти 345 табааи қирғизтабори афғонӣ ба кишварашон хабар дод.

Кумитаи Амнияти Миллии Тоҷикистон аз бозгашти 345 табааи қирғизтабори афғонӣ ба кишварашон хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз маркази матбуотии нерӯҳои марзбонии Комитети амнияти миллии Тоҷикистон,18 ва 19 июли соли ҷорӣ 347 нафара аз ҷумла  91 мард , 77 зан ва 177  кӯдаки афғонӣ, ки бештари онҳо  аз сокинони қирғизтабори ноҳияи Вахони вилояти Бадахшони ин кишвар ҳастанд ба иллати тарс аз ҳамалоти эҳтимолии гурӯҳи Толибон бо убур аз гузаргоҳҳои марзӣ дар рустои Қизилработ, ноҳияи Мурғоб  вориди хоки Тоҷикистон шуданд, ба кишварашон бозгардонда шудаанд.

Гуфта мешуд, ки онҳо ҳангоми вуруд ба Тоҷикистон ва бозгашт ба Афғонистон ҳазорон сар говро бо худ овардаанд.

Дар тӯли ҳузури панҷрӯза дар ноҳияи Мурғоби вилояти Бадахшони Тоҷикистон ба онҳо хидматрасонии тиббӣ, хӯрок ва либос таъмин карда шуд.

Қаблан мақомоти Қирғизистон хостори кумаки Тоҷикистон дар интиқоли боздоштшудагон ба Қирғизистон шуда буданд.