Июл 19, 2021 17:42 Asia/Dushanbe
  • Баргузории размоиш дар навоҳии марзии Тоҷикистон бо Афғонистон

Узбакистон, Русия ва Тоҷикистон дар навоҳии марзӣ бо Афғонистон размоиш баргузор мекунанд.

Ба гузориши хабаргузории “Рейтерс”, яке аз мақомҳои аршади нерӯҳои мусаллаҳи Русия имрӯз (душанбе) эълом кард: Русия ба ҳамроҳи Узбакистону Тоҷикистон қарор аст дар наздикии марз бо Афғонистон размоишҳоеро баргузор кунад.

Ин мақоми аршади нерӯҳои мусаллаҳи Русия эълом кард, ин тамринҳои низомӣ аз панҷум то даҳуми августи соли ҷории мелодӣ дар 20 километрии марзи Афғонистон бо Тоҷикистон баргузор мешавад.

 

Барчасп