Шикояти теъдоде аз сокинони навоҳии вилояти Суғд аз хомӯш шудани барқ
Июл 19, 2021 18:07 Asia/Dushanbe
Бархе аз сокинони шаҳру навоҳии вилояти Суғд аз қатъи идомадори барқ шикоят доранд.
Сокинони навоҳии Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод, Деваштич, Айнӣ ва Истаравшан ҳам аз ин вазъият шикоят доранд.
Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон сабаби хомӯшиҳоро гарм шудани ҳаво донист.
Муҳсин Аҳмадзода, раиси идораи барқи вилояти Суғд ҳам далели хомӯшиҳоро гарм шудани ҳаво ва таъсири он бар таҷҳизоти тавлид ва интиқоли барқ донист.
Ба гуфтаи мақомот, агар ҳарорати ҳаво коҳиш ёбад, мушкили қатъ шудани барқ аз байн меравад.
Барчасп