Иҷро шудани қонуни ҷадиди авфи умумӣ аз сентябри имсол дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i70802-Иҷро_шудани_қонуни_ҷадиди_авфи_умумӣ_аз_сентябри_имсол_дар_Тоҷикистон
Қонуни ҷадиди авфи умумӣ аз сентябри имсол дар Тоҷикистон иҷро мешавад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 20, 2021 09:51 Asia/Dushanbe
  • Қонуни ҷадиди авфи умумӣ аз сентябри имсол дар Тоҷикистон иҷро мешавад.
    Қонуни ҷадиди авфи умумӣ аз сентябри имсол дар Тоҷикистон иҷро мешавад.

Қонуни ҷадиди авфи умумӣ аз сентябри имсол дар Тоҷикистон иҷро мешавад.

Манобеи ҳукуматӣ дар Тоҷикистон аз таъсиси коргурӯҳи тадвини қонуни ҷадиди авфи умумӣ  дар ин кишвар хабар доданд.

Онҳо гуфтанд ин лоиҳа аз сентябри имсол ба муносибати фаро расидани сиюмин солгарди истиқлоли Тоҷикистон дар маҷлис  тасвиб ва иҷро мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, бар асоси дастурамали раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, коргурӯҳи вижае лоиҳа ва пешнависи қонуни ҷадиди авфи умумиро таҳия карданд.

Коршиносон мегӯянд бар асоси ин қонун 25 ҳазор нафар аз зиндониёни кишвар шомили авфи умумӣ хоҳанд шуд.

Қонуни нав озодии маҳбусон ва кам кардани ҷазоҳо, қатъ кардани парвандаҳои судӣ нисбати боздоштшудагон ва ашхоси дар ҷустуҷӯ қарордоштаро пешбинӣ мекунад.

Қарор аст маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар авохири авғуст ё авоили сентябри соли ҷорӣ барои баррасӣ ва тасвиби ин лоиҳаи ташкили ҷаласа диҳад.

Бар асоси қонуни қаблии авфи умумӣ дар соли 2019 ба муносибати бисту панҷумин солгарди тасвиби Қонуни асосии Тоҷикистон 20 ҳзазор нафар аз  зиндониҳо озод шуданд  ва ба маҳкумияти теъдоде низ тахфиф дода шуд.

 

Бештар бихонед: