Иҷро шудани қонуни ҷадиди авфи умумӣ аз сентябри имсол дар Тоҷикистон
Қонуни ҷадиди авфи умумӣ аз сентябри имсол дар Тоҷикистон иҷро мешавад.
Манобеи ҳукуматӣ дар Тоҷикистон аз таъсиси коргурӯҳи тадвини қонуни ҷадиди авфи умумӣ дар ин кишвар хабар доданд.
Онҳо гуфтанд ин лоиҳа аз сентябри имсол ба муносибати фаро расидани сиюмин солгарди истиқлоли Тоҷикистон дар маҷлис тасвиб ва иҷро мешавад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, бар асоси дастурамали раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, коргурӯҳи вижае лоиҳа ва пешнависи қонуни ҷадиди авфи умумиро таҳия карданд.
Коршиносон мегӯянд бар асоси ин қонун 25 ҳазор нафар аз зиндониёни кишвар шомили авфи умумӣ хоҳанд шуд.
Қонуни нав озодии маҳбусон ва кам кардани ҷазоҳо, қатъ кардани парвандаҳои судӣ нисбати боздоштшудагон ва ашхоси дар ҷустуҷӯ қарордоштаро пешбинӣ мекунад.
Қарор аст маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар авохири авғуст ё авоили сентябри соли ҷорӣ барои баррасӣ ва тасвиби ин лоиҳаи ташкили ҷаласа диҳад.
Бар асоси қонуни қаблии авфи умумӣ дар соли 2019 ба муносибати бисту панҷумин солгарди тасвиби Қонуни асосии Тоҷикистон 20 ҳзазор нафар аз зиндониҳо озод шуданд ва ба маҳкумияти теъдоде низ тахфиф дода шуд.
Бештар бихонед: