Афзоиши нақзи қавонини маданӣ дар Тоҷикистон
Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон аз афзоиши нақзи қавонин «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» дар кишвар хабар дод.
Ба гузориши сомонаи Ховар, Шермуҳаммад Шоҳиён дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, 358 парванда аз ҷониби судҳо баррасӣ гардида, ба 349 нафар ҷарима татбиқ карда шуд. Маблағи умумии ҷарима 743 ҳазору 598 сомониро ташкил медиҳад.
Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон афзуд, шумораи баррасии парвандаҳо ҷиҳати риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба 9 ҳазору 138 адад расида, бо ин парвандаҳо нисбат ба 3576 нафар ҷазои огоҳӣ ва 4458 нафар ҷарима ба маблағи умумии 743 ҳазору 598 сомонӣ таъйин карда шуд.
Шоҳиён дар идома таъкид кард, дар ин замина, аз ҷониби мақомоти судӣ дар самти ташвиқу тарғиби қонунҳо ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шуд. Баҳри дар амал татбиқ намудани «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020- 2030», ки ба баланд бардоштани маърифату дониши ҳуқуқии шаҳрвандон равона шудааст, судҳо 10 521 парвандаҳоро дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ карданд».
Ба иттилои Шермуҳаммад Шоҳиён, бо мақсади аз байн бурдани камбудӣ ва норасогиҳои дар фаъолияти судяҳо ҷойдошта, инчунин беҳтар намудани кори мақомоти судӣ дар нимсолаи дуюми соли равон амалӣ намудани як қатор чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст.