Истиқрори танкҳои артиши Русия дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон
Танкҳои Т-72 пойгоҳи 201 артиши Русия дар Тоҷикистон, бо паймудани 200 километр аз атрофи Душанбе дар размоишгоҳи “Ҳарб - Майдон”, дар наздикии марзи Афғонистон мустақар шуданд.
Ба гузориши сомонаи “Спутник”, фармондеҳии ҳавзаи низомии марказии Русия, ки пойгоҳи 201 тобеи ин ниҳод мебошад, эълом кард, ки ин таҷҳизот дар наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон мустақар шудаву омодаи муқобила бо ҳар навъ таҳаррукоти гурӯҳҳои террористӣ мебошад.
Зимни интиқоли танкҳои пойгоҳи 201 артиши Русия ба марзи Афғонистон, роҳҳои муқобила бо ҳамалоти эҳтимолии нерӯи ҳавоии душмани фарзӣ, озодсозии манотиқи ишғолшудаву нобудии истеҳкомоти гурӯҳҳои террористӣ тамрин карда шуд.
Бар асоси тавофуқи Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон, тайи рӯзҳои 5 то 10 августи соли ҷории 2021 размоиши муштараки низомии ин се кишвар дар вилояти Хатлон ва дар наздикии марзи Афғонистон баргузор мегардад.
Рӯзи гузашта Игор Лякин Фролов, сафири Русия дар Душанбе аз омодагии пойгоҳи низомии 201 артиши кишвараш, мустақар дар Тоҷикистон барои муқобила бо ҳар навъ таҷовузи эҳтимолии гурӯҳҳои террористӣ аз дохили Афғонистон хабар дод.
Бештар бихонед:
- Тоҷикистон 20 ҳазор низомиро роҳии марз бо Афғонистон мекунад
- Э.Раҳмон: Тақвияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар авлавият аст
- Боздиди дабири кулли СПАД аз марзи Тоҷикистон ва Афғонистон