Июл 23, 2021 17:49 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли 40 ҳазор доза ваксинаи корона аз ҷумҳурии Озарбойҷон ба Тоҷикистон

Ҷумҳурии Озарбойҷон 40 ҳазор доза ваксинаи коронаро ба Тоҷикистон ирсол кард.

Ба гузориши “АКИ Пресс”, ин ваксинаҳо дар қолаби кумакҳои башардӯстона ба Тоҷикистон ирсол шуд.

Бинобар эъломи Вазорати тандурустӣ, ин ваксинаҳо таҳвили мақомоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон шудааст.

Дар ибтидои моҳи марти соли ҷории мелодӣ дар чорчӯби барномаи Ковакс 912 ҳазор воя ваксинаи “Астра Зенека” ба Тоҷикистон таҳвил дода шуд.

Дар поёни июн низ Чин 300 ҳазор доза ваксинаи “КоронаВак” –ро ройгон дар ихтиёри тарафи тоҷик қарор дод.

Дар ҳоли ҳозир мақомоти Душанбе бо истифода аз кумаки молии билоивази Бонки Рушди Осиё қасд доранд аз Чин 3 миллион доза аз ин ваксинаро харидорӣ кунад.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп