Вуруди нахустин маҳмулаи ваксинаи корона аз Ҷопон ба Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i70976-Вуруди_нахустин_маҳмулаи_ваксинаи_корона_аз_Ҷопон_ба_Эрон
Нахустин маҳмула аз ваксинаҳои коронаи сохти Ҷопон вориди Эрон шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 24, 2021 09:16 Asia/Dushanbe
  • Нахустин маҳмула аз ваксинаҳои коронаи сохти Ҷопон вориди Эрон шуд
    Нахустин маҳмула аз ваксинаҳои коронаи сохти Ҷопон вориди Эрон шуд

Нахустин маҳмула аз ваксинаҳои коронаи сохти Ҷопон вориди Эрон шуд.

Ба гузориши ИРНА; нахустин маҳмула аз воксанҳои коронаи сохти Ҷопон,шомили « як миллиону 87 ҳазору 570 » доза ваксина  рӯзи ҷумъа аз тариқи Созмони Милал ба Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон таҳвил шуд.

Ҷопон қарор аст дар маҷмӯ, ҳудуди се миллион доза воксан ба Эрон эҳдо кунад.

Ин мизон, бахше аз 11 миллион доза воксани эҳдои Токио ба кишварҳои мухталифи ҷаҳон аст ки дар чорчӯби барномаи Коввокс  ироа хоҳад шуд.

Мувофиқи маълумоти сафорати Ҷопон дар Теҳрон; Ҷопон то кунун тавассути созмонҳои байналмилалӣ ба кормандон ва муассисаҳои тиббии Эрон ба маблағи беш аз 34 миллион доллар таҷҳизоти техникӣ додааст.