Июл 24, 2021 09:48 Asia/Dushanbe
  • Ҳарифони бокссиёни Тоҷикистон дар бозиҳои олимпӣ мушаххас шуданд.
    Ҳарифони бокссиёни Тоҷикистон дар бозиҳои олимпӣ мушаххас шуданд.

Ҳарифони бокссиёни Тоҷикистон дар бозиҳои олимпӣ мушаххас шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз комитети миллии олимпии Тоҷикистон, маросими қуръакашии рақобатҳои бокси олимпики 2020 Токио баргузор шуд.

Ду боксёри тоҷик  25 июл дар марҳалаи як шонздаҳуми ниҳоӣ ба масофи ҳарифони худ хоҳанд рафт.

Баҳодур Усмонов дар вазни ( - 63 килограм ) бо  Лионел Сантозоненси Ҷумҳурии Доминикан ва Шаббат Неъматуллоҳов (дар вазни -81 кг) бо Доксианг Чен рақобат хоҳанд кард.

Сиёвуш Зуҳуров, боксёри дигари Тоҷикистон низ дар вазни ( +  91 килограмм ) бояд дар марҳалаи як ҳаштуми ниҳоӣ ба масофи Мурод Алиев аз Фаронса биравад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп