Шиносоии 68 мавриди мубталоён ба Ковиди 19 дар Тоҷикистон
Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз шиносоии 68 мавриди мубталоён ба Ковиди 19 тайи 24 соати гузашта дар ин кишвар хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Тоҷикистон, бо эҳтисоби ин 68 мавриди мубталоён ба вируси корона дар шабонарӯзи охир маҷмӯи теъдоди мубталоён ба ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 14 ҳазору 427 нафар расид.
Аз ин теъдод 13 ҳазору 964 нафар беҳбуд ёфтаанд.
Тайи шабонарӯзи ахир 62 нафар аз беморони мубтало ба Ковиди 19 дар Тоҷикистон дармон шуданд.
Гуфта мешавад, ки теъдоди фавтиҳои ин беморӣ бидуни мавриди ҷадид дар шабонарӯзи ахир ҳамон 116 нафар қаблист.
Ҳамчунин то 23 июли соли ҷорӣ 447 ҳазору 114 нафар дар Тоҷикистон дозаи нахустини воксани корона ва 20 ҳазор нафар дозаи дувуми онро дарёфт кардаанд.
Бештар бихонед: