Созишномаи Тоҷикистону Русия дар бораи пардохти нафақа ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик
Роҳбари Агентии суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ва Фонди нафақаи Тоҷикистон бо Русия дар бораи тавофуқи пардохти нафақа ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Дилмурод Давлатзода дар нишасти хабарии ин ниҳод дар Душанбе гуфтааст, ки Вазорати кори Русия дар музокира бо тарафи Тоҷикистон бо тарҳи пешниҳодии Душанбе барои пардохти ҳуқуқи бознишастагии коргарони муҳоҷири тоҷик мувофиқат кард.
Вай таъкид кардааст, ки ин тарҳ бо ҳамоҳангии Вазорати умури хориҷа барои баррасӣ ба ҳукумати Тоҷикистон ироя шуда ва акнун ҳеч мавонеъе дар ин роҳ боқӣ намондааст.
Дар сурати ниҳоӣ шудани тавофуқ, ҳазорон муҳоҷири кории тоҷик, ки беш аз 20 сол дар Русия кор кардаанд ва ба Фонди суғуртаи иҷтимоӣ андоз ва маош супоридаанд, метавонанд нафақаи худро аз Русия бигиранд.
Давлатзода дар бораи замони дақиқи иҷроӣ шудани ин созшнома ва мизони ҳуқуқи бознишастагии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия ибрози назар кард.
Тоҷикистон аз соли 2016 талош мекунад, ки Русия ба коргарони муҳоҷири бознишаст шудаи тоҷик ҳуқуқи бознишастагӣ пардохт кунад.
Бештар бихонед: