Афзоиши масоҳати ҷангалҳои Тоҷикистон
Масоҳати ҷангалҳои Тоҷикистон дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли қабл 439.6 ҳектор афзоиш ёфтааст.
Ба гузориши сомонаи Ховар, Абдуҷаббор Юсуфзода, директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, яке аз самтҳои асосии фаъолияти Агентии хоҷагии ҷангал ва зерсохторҳои он пешбурди корҳои бунёду барқароркунии ҷангалзор маҳсуб мешавад. Мувофиқи маълумот, то моҳи июли соли равон дар ташкилоту муассисаҳои зертобеи Агентӣ корҳои бунёд ва барқароркунии ҷангалзор дар майдони 1911 гектар гузаронида шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 439,6 гектар зиёд мебошад. Аз ҷумла, дар 602,3 гектар дарахтон шинонида шуда, дар 1308,7 гектар барқароркунӣ анҷом дода шудааст.
Вай таъкид кард, «Дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи муассисаи давлатии хоҷагиҳои ҷангали шаҳру ноҳияҳо дар майдони беш аз 162 гектар хуч ва 28 гектар олучаи кӯҳӣ шинонида шудааст. Корҳои бунёду барқароркунӣ ва нигоҳубини ҷангал дар мавсими тирамоҳи соли равон идома меёбанд».
Муҳофизати ҷангал вазифаи муқаддаси кормандони соҳаи хоҷагии ҷангал буда, дар шашмоҳаи соли равон аз тарафи кормандони ҳифзи давлатии ҷангал доир ба вайрон кардани талаботи қонунгузории соҳаи хоҷагии ҷангал ва шикор нисбат ба ҳуқуқвайронкунандагон 1278 санад тартиб дода шудааст. Аз зарари муайяншуда 437, 6 ҳазор сомонии он барқарор карда шуд.
Бештар бихонед: