Табодулоти тиҷорӣ байни Тоҷикистону Афғонистон идома дорад
Июл 25, 2021 09:55 Asia/Dushanbe
Вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, табодулоти тиҷорӣ байни Тоҷикистону Афғонистон бидуни ҳеч монее идома дорад.
Азим Иброҳим ҳамчунин афзуд, барои тасҳили мароҳили транзит байни Тоҷикистон ва Афғонистон талошҳои зиёде шудааст.
Вай ҳамчунин дар бораи эҳдоси роҳи оҳани Панҷакент –Самарқанд ҳам гуфт, ин тарҳ дар Комиссиони байни давлатӣ дар Тошканд ва Душанбе баррасӣ шуд.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон дар бораи иқдомоти назоратии вазоратхона барои риояти шеваномаҳои беҳдоштӣ дар васоили нақлиёти умумӣ низ изҳор кард, риояти шеваномаҳои беҳдоштиро ба иҷбор наметавон ба мардум омӯзиш дод ва таҳмил кард. балки ба фарҳанги ҳар шахс бастагӣ дорад.
Барчасп