Аввалин пирӯзии муштзани тоҷик дар Олимпиадаи Токио
(last modified Sun, 25 Jul 2021 11:24:27 GMT )
Июл 25, 2021 16:24 Asia/Dushanbe
  • Муштзани тоҷик дар аввалин мусобиқаи худ дар олимпиадаи Токио пирӯз шуд.
    Муштзани тоҷик дар аввалин мусобиқаи худ дар олимпиадаи Токио пирӯз шуд.

Муштзани тоҷик дар аввалин мусобиқаи худ дар олимпиадаи Токио пирӯз шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл  аз Комитети миллии Олимпиада Баҳодур  Усмонов дар вазни  63 килограмм тавонист  дар оўлӣни муборизаи худ бо Леонел де Лос Сантос аз Доминикан ба пирӯзӣ бирасад.

Бо ин пирӯзӣ Усмонов ба марҳалаи баъдӣ роҳ ёфт.

Шаббос Неъматуллоев дигар муштзанҳои тоҷик ҳам дар вазни 81 килограмм дар мубориза бо Доксиён Чан аз 4 бар  1 натиҷаро ба ҳариф вогузор кард ва аз роҳёбӣ ба даври баъдии рақобатҳо бозмонд.

Сиёвуш Зуҳуров низ дар вазни  ( + 91 ) 29 июл бояд дар баробари Мурод Алиев аз Фаронса ба рӯи ринг биравад.

Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳ Устопириён ва темур Раҳимов  4 дзюдочии тоҷик  ҳам аз 26 то 30 июл мусобиқоти худро баргузор мекунанд.

Сомон Маҳмадбеков дар вазни 73 килограмм дар даври аввал бо Аҳмад Аликоӣ аз тими паноҳандагон мубориза мекунад.

Дар радабандии ҷаҳонӣ, Сомон шонздаҳум ва Аҳмад дар радаи 251 қарор дорад.

Ҳарифи Акмал Муродов дар вазни 81 килограмм дар марҳалаи нахуст,  Ҷуштар Эндрю аз Гуам мебошад.

Комроншоҳ Устопириён низ бояд дар Аксел Клиргети фаронсавӣ ба рӯи ринг биравад.

Ҳамчунин Темур Раҳимов дар вазни + 100 килограм дар даври аввал бо Энди Гранде аз Куба рақобат мекунад.

Ҳамчунин дар варзиши шино  ҳам Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишанов 30 ва 31 июл бо ҳарифони худ рақобат мекунанд.

Элдор Аҳмадов ягона давандаи тоҷик, дави худро дар масофаи 100 метр байни мардон 31 июл оғоз мекунад.