Июл 25, 2021 19:37 Asia/Dushanbe
  • Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз шиносоии 78 мавриди мубталоён ба Ковиди 19 дар 24 соати гузашта дар ин кишвар хабар дод.
    Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз шиносоии 78 мавриди мубталоён ба Ковиди 19 дар 24 соати гузашта дар ин кишвар хабар дод.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз шиносоии 78 мавриди мубталоён ба Ковиди 19 дар 24 соати гузашта дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Тоҷикистон, бо эҳтисоби ин 78 мавриди мубталоён ба вируси корона дар шабонарӯзи ахир, маҷмӯи теъдоди мубталоён ба ин беморӣ дар Тоҷикистонн ба 14 ҳазору 505  нафар  расид.

Ин бештарин шохиси мубтало шудани сокинони Тоҷикистон пас аз густариши дубораи вируси корона аз 21 июни соли ҷорӣ ба ҳисоб меояд.

Аз ин теъдод  13 ҳазору 964 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Тайи шабонарӯзи ахир 58  нафар аз беморони мубтало ба Ковиди 19 дар Тоҷикистон дармон шуданд.

Гуфта мешавад, ки теъдоди фавтиҳои ин беморӣ бидуни мавриди ҷадид дар шабонарӯзи ахир ҳамон 116 нафари қаблист.

Ҳамчунин то 25 июли соли ҷорӣ 447 ҳазору 114 нафар дар Тоҷикистон дозаи нахусти воксани корона ва 20 ҳазор нафар дозаи дувуми онро дарёфт кардаанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп