Июл 26, 2021 10:20 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи Комитети амнияти миллии Тоҷикистон
    Баёнияи Комитети амнияти миллии Тоҷикистон

Мақомоти Комитети амнияти миллии Тоҷикистон назари мақомоти амниятӣ ва расонаҳои хабарии Қирғизистон дар бораи таниши марзии 24 июлро беасос донистанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз равобити умумии Комитети давлатии амнияти миллии Тоҷикистон эълом кард, минтақаи мавриди муноқишаи ахири мавсум ба Қуммазор бар асоси нақшаҳои ҷуғрофиёии солҳои 1924 в1929 ва ёддошти тафоҳуми соли 1989 мутааллиқ ба Тоҷикистон аст ва иддаои тарафи Қирғизистон дар бораи моликияти ин манотиқ тавҷеҳе надорад.

Дар ҳодисаи 24 июл дар ҳоле, ки сокинони фармондории Чоркӯҳи ноҳияи Исфара  қасди поксозии минтақаро доштанд, 20 нафар қирғизҳои сокини рустои Куктош бо ҳимояти марзбонони қирғиз монеъи ин фаъолияти онҳо шуданд ва ба тарафи онҳо тирандозӣ карданд.

Дар натиҷаи ин даргирӣ як сарбози нерӯи марзбонии Тоҷикистон  захмӣ ва дар бемористон бистарӣ шуд.

Мақомоти Қирғизистон муддаӣ ҳастанд, ки сокинони фармондории Чоркӯҳи ноҳияи Исфара бидуни ҳамоҳангӣ бо мақомоти қирғизӣ ҳаққи вуруд ба минтақаи Қуммазорро надоранд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп