Таҳвили 1,5 миллион доза ваксинаи "Модернои амрикоӣ" ба Тоҷикистон
(last modified Mon, 26 Jul 2021 06:01:36 GMT )
Июл 26, 2021 11:01 Asia/Dushanbe
  • Амрико 1,5 миллион доза ваксинаи коронавии \\\
    Амрико 1,5 миллион доза ваксинаи коронавии \\\"Модерно\\\" ба Тоҷикистон таҳвил дод.

Амрико 1,5 миллион доза ваксинаи коронавии "Модерно" ба Тоҷикистон таҳвил дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз яке аз манобеи хабарии Осиёи марказӣ ин воксанҳо душанбе, 26 июл ба мақомоти Тоҷикистон таҳвил шуд.

Ирсоли ин воксанҳо илова бар кумаки 9 миллиондолларии Амрико ба Тоҷикистон аст.

Мақомоти ду кишвари Тоҷикистон ва Амрико,  бар асоси тафоҳумномаи имзошуда дар мубориза бо бемории корона бо якдигар ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Амрикои бахше аз маблағи 192 ҳазор  доза воксани Астрозенека, ки дар марти имсол ба Тоҷикистон таҳвил шударо  ҳам пардохт кардааст.

Раиси идораи эминӣ аз бемориҳои мусрии Вазорати тандурустии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров гуфт: 1,5 миллион дозаи воксан барои ваксинатсияи 750 ҳазор нафар ё 13 дарсад аз ҷамъияти Тоҷикистон кофист.

Вай гуфт: " Ин воксанҳо дар анбори махсуси Вазорати тандурустӣ нигаҳдорӣ мешавад ва тибқи барнома ба мардум  тазриқ хоҳад шуд.Тибқи гузориши Вазорати тандурустии Тоҷикистон, токунун 460 ҳазор шаҳрванди кишвар алайҳи Ковид - 19 ваксина шуданд.

 

Бештар бихонед: