Дарсади омори корона дар вилоятҳои Тоҷикистон: Суғд дар садри ҷадвал
Муовини аввали вазири тандурустии Тоҷикистон эълом кард, ки дарсади мубталоён ба бемории Ковид - 19 дар кишвар, дар вилояти Суғд бештар аз дигар манотиқ аст.
Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Ғафур Муҳсинзода дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфтааст, ки 36 дарсади беморони Ковид- 19 дар Тоҷикистон, дар вилояти Суғд мушоҳида шудаанд.
Ҳамчунин теъдоди мубталоён ба вируси корона дар шаҳри Душанбе 34 дарсад, дар вилояти Хатлон 11 дарсад, дар ноҳияҳои марказӣ 13 дарсад ва дар вилояти Бадахшон 6 дарсадро ташкил мекунад.
Ба гуфтаи вай, 43 дарсади мубталоён ин бемориро аз наздикони хеш дар муҳити хона гирифтаанд, 12 дарсад дар муҳити кор ва 11 дарсад низ дар маконҳои умумӣ ба ин беморӣ мубтало шудаанд.
Дар ҳоли ҳозир, ба таври миёнгин дар ҳар шабонарӯз натиҷаи озмоиши 35 нафар мусбат мешавад ва 22 тан низ пас аз дармон шудан мурраххас мегарданд.
391 нафар аз беморони мубтало ба Ковид - 19 дар Тоҷикистон таҳти назорати пизишкон қарор доранд ва аз ҳар 5 тан яке ин бемориро бо шароити сахт мегузаронад.
Ғафур Муҳсинзода ҳамчунин таъкид кард, ки то поёни имсол 5 миллиону 800 ҳазор нафар аз сокинони Тоҷикистон ваксинаи корона дарёфт хоҳанд кард.
Бештар бихонед:
- Эҳтимоли густариши коронаи Делта дар Тоҷикистон
- Сабти 87 мавриди ҷадиди мубталоён ба Ковид -19 ва як фавтӣ дар Тоҷикистон