Афзоиши содироти барқи Тоҷикистон ба хориҷ тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ
(last modified Tue, 27 Jul 2021 04:52:06 GMT )
Июл 27, 2021 09:52 Asia/Dushanbe
  • Бо вуҷуди ишғоли манотиқи марзи муштараки Тоҷикистон ва Афғонистон аз сӯи гурӯҳи Толибон содироти барқ ба  ин кишвар идома дорад
    Бо вуҷуди ишғоли манотиқи марзи муштараки Тоҷикистон ва Афғонистон аз сӯи гурӯҳи Толибон содироти барқ ба ин кишвар идома дорад

Тоҷикистон тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ ба хориҷ ба маблағи 37 миллиону 300 ҳазор доллар барқ содир кардааст, ки дар муқоиса бо давраи монакнди соли қабл 5 миллиону 900 ҳазор доллар бештар будааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл  аз сомонаи Тоҷ Вик, дар ин муддат ба Узбекистон ва Афғонистон  917 миллион киловатт  соат барқ содир шудааст, ки наздик ба 10 дарсад аз кулли барқи тавлидшуда дар ин  кишвар аст.

Аммо дар маҷмӯъ тавлиди барқ дар Тоҷикистон тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ ба беш аз10 миллиард киловатт соат расидааст, ки дар муқоиса бо давраи монанди соли қабл коҳиши 1,7 дарсадиро нишон медиҳад.

Гуфта мешавад бо вуҷуди ишғоли манотиқи  марзи муштараки Тоҷикистон ва Афғонистон аз сӯи гурӯҳи Толибон, содироти барқ ба кишвари ҳамсоя бидуни мушкил идома дорад.

Мақомоти Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон мутаъаҳҳид шудаанд, ки дар соли ҷорӣ ба Узбекистон ва Афғонистон 3 миллиард киловатт  соат барқ содир кунанд.

Дар ҳоли ҳозир ба далели ихтилофот бо Қирғизистон содироти барқи Тоҷикистон ба ин кишвар қатъ шудааст.

 

Бештар бихонед: