Июл 27, 2021 17:53 Asia/Dushanbe
  • Мувофиқати Тоҷикистон бо узвияти комили Эрон дар СҲШ

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон гуфт, дар сурати мувофиқати соири аъзо аз узвияти комили Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай ҳимоят мекунем.

Ба гузориши сомонаи вазорати хориҷаи Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ дар робита бо узвияти комили Эрон дар СҲШ гуфт, тайи чаҳор соли ахири пазириши аъзои ҷадид дар ин созмон дар дастури кор набудааст.

Муҳриддин афзуд, раванди пазириши аъзои ҷадид дорои дастуруламали хосе аст.

Ӯ изҳор кард, қабл аз ҳама бояд тасмими сарони кишварҳои узв барои оғози раванди пазириши кишвари дархосткунанда барои узвияти эълом ва то расидан ба ин марҳала, бояд мавзӯи пазириши аъзои ҷадид дар нишасти Шӯрои ҳамоҳангии миллии созмон бо иттифоқи оро таъйид шавад.

Вай гуфт, пешнависи тасмим ҳам бояд ба Шӯрои вазирони умӯри хориҷаи созмон ирсол шавад.

Муҳриддин идома дод, марҳалаи баъдӣ ба тасмими нишасти Шӯрои сарони созмон иртибот дорад, ки дар сӯрати назари мусбати онҳо, тайи як соли баъдӣ кишвари дархосткунанда узвият бо ҳамаи аъзо рӯйи пешнависи тафоҳумномаи марбӯт ба тааҳҳудоти ин кишвар ҳамкорӣ карда ва дар мавриди иҷрои тааҳҳудоти худ гузориш медиҳад то битавонад ҷиҳати тасвиб муаррифӣ шавад.

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон афзуд, гоми ниҳоӣ тасмими шӯрои сарон дар мавриди пазириши узв ё аъзои ҷадид аст, ки дар робита бо узвияти Ҷумҳурии Исломии Эрони тасмимоти марбӯт ба мароҳили ёдшуда вуҷӯд надорад.

Муҳриддин тасреҳ кард, ин раванд печидааст ва маъмулан чандин сол тӯл мекашад.

Вай дар робита ба мавзеи кишвараш нисбат ба узвияти Эрон дар ин созмон, гуфт, Тоҷикистон дар сӯрати иттифоқи назари аъзо, аз узвияти комили Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай ҳимоят мекунад.

Ӯ дар бораи ҳузури мақомоти Тоҷикистон дар маросими таҳлифи раисиҷумҳури мунтахаби Эрон низ гуфт: Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар раъси як ҳайати расмӣ дар ин маросим ширкат хоҳад кард.

Муҳриддин бо ишора ба ҳамзамонии сафари расмии раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Туркманистон бо баргузории маросими таҳлифи раисиҷумҳури мунтахаби Эрон, изҳор кард, ҳудӯди як сол аст, ки барои сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон дар 4-5 август бо давлати ин кишвар ҳамоҳангиҳои лозим анҷом шудааст.

Бинобар ин дар маросими таҳлифи раисиҷумҳури мунтахаби кишвари бародар Эрон Муҳаммадтоҳир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар раъси як ҳайати расмӣ ҳузур хоҳад ёфт.

Бештар бихонед:

Барчасп