Июл 28, 2021 09:56 Asia/Dushanbe

Дандонпизишки тоҷик мегӯяд, қарор додани рукаши тиллои дандон дар Тоҷикистон мансух шудааст.

То чанд соли пеш бисёре аз сокинони Тоҷикистон, чанд дандонҳои худро рукаши тилло мекарданд.

Бештари бонувон ҳам қабл аз издивоҷ аз рукаши тиллои дандон истифода мекарданд.

Ин дар ҳоле аст, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷаласаи давлат аз истифодаи бархе аз сокинони Тоҷикистон аз рукаши тиллои дандон интиқод кард.

Ҳусейн Донёров, дандонпизишк ва мудири маркази дандонпизишкии Кӯлоб гуфт, муддате аст, ки насби рукаши тиллои дандон дар байни сокинони Тоҷикистон мансӯх шудааст.

Ӯ афзуд, соли гузашта ҳеч шаҳрванде барои қарордодани рукаши тиллои дандон ба ин марказ муроҷиа накард.

Рухшона, яке аз сокинони шаҳри Душанбе ҳам мегӯяд, ба далели доштани рукаши тиллои дандон фурсати истихдомро дар чандин ширкати муътабар аз даст дод.

 

Барчасп