Июл 30, 2021 16:31 Asia/Dushanbe
  • Аз чанд рӯзи қабл марзбонони тоҷик дар гузаргоҳи марзии Фотеҳобод танҳо ба шаҳрвандони ӯзбак иҷозаи вуруд ба Узбакистонро медиҳанд
    Аз чанд рӯзи қабл марзбонони тоҷик дар гузаргоҳи марзии Фотеҳобод танҳо ба шаҳрвандони ӯзбак иҷозаи вуруд ба Узбакистонро медиҳанд

Садҳо шаҳрванди Тоҷикистон барои вуруд ба Узбакистон, дар марзҳои ин кишвар ҷамъ омадаанд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, ин шаҳрвандони тоҷик, ки қасди сафар ба Русия доранд, дар гузаргоҳи марзии Фотеҳобод (Ойбек), дар марзи Узбакистон таҷаммуъ кардаанд.

Пас аз он ки Қирғизистон марзҳои худро бо Тоҷикистон баст, бисёре аз шаҳрвандони тоҷик барои рафтан ба Русия аз қаламрави Узбакистон убур мекарданд.

Аммо аз ду рӯзи пеш ва баъд аз он ки марзбонони тоҷик танҳо ба шаҳрвандони ӯзбак иҷозаи вуруд ба кишвари ҳамсоя аз тариқи гузаргоҳи марзии Фотеҳободро доданд, теъдоди шаҳрванди Тоҷикистон, ки мунтазири дарёфти ҳаққи убур аз қаламрави Узбакистон ба мақсади Русия ҳастанд, ба садҳо нафар расидааст.

Ин дар ҳоле аст, ки парвозҳо миёни Душанбе ва Тошканд мураттаб анҷом мешавад ва ҳаракати мошинҳои боркаши Тоҷикистон аз қаламрави Узбакистон низ бидуни монеа аст.

Феълан далоили масдуд шудани вуруди шаҳрвандони тоҷик аз тариқи заминӣ ба хоки Узбакистон эълом нашудааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп