Дархости эъмоли қарантинаи 20 рӯза дар Тоҷикистон
(last modified 2021-07-31T16:07:44+00:00 )
Июл 31, 2021 21:07 Asia/Dushanbe
  • Дархости эъмоли қарантинаи 20 рӯза дар Тоҷикистон

Аз Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон дасхост шудааст, ки дар кишвар қарантин ҷорӣ кунад.

Ба нақл аз Спутник, дар пайи вахим гаштани вазъи паҳншавии коронавирус дар кишвар Ҳизби демократи Тоҷикистон аз роҳбарияти Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус дархости эълони қарантина кардааст.

Дар муроҷиатномаи Шӯрои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки онро раҳбараш Саидҷаъвар Усмонзода нашр кард, гуфта мешавад, тавре ба мушоҳида мерасад, рӯзҳои охир бемории ҳамагири Ковид-19 дар саросари ҷумҳурӣ дар ҳоли афзоиш ёфтан аст.

"Дар моҳҳои қаблӣ хабари густариши ин беморӣ дар кишвар хеле кам ба назар мерасид. Вале дар ин моҳи охир хабари паҳн шудани беморӣ дар шаҳру деҳкадаҳои кишвар зиёдтар шудааст. Одамон аз афзоиши шумораи гирифторшудаҳо дар беморхонаҳо ва манзили зисташон хабар медиҳанд", - омадааст дар муроҷиатномаи Ҳизби демократ.

Ба гуфтаи раҳбарияти ин ҳизб, дар ин чанд моҳи охир аз тарафи шаҳрвандон иҷрои талаботи Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус – Ковид-19 хеле коҳиш пайдо кардааст.

Дар баробари ин вазъи тоқатфарсои фасли гармо ва ҳавои гилолуди чанд рӯзи охир дар пойтахт ва чанд шаҳру деҳотҳо заминаи афзоиши бемориро бештар сохтааст, таъкид кардаанд рабарияти ҳизб.

Ёдовар мешавем, ин нахустин чунин пешниҳод набуда, қаблан сокинони пойтахт низ дар як номаи дастаҷамъӣ аз Қоҳир Расулзода, раҳбари Ситоди ҷумҳуриявӣ дархост карданд, ки дар кишвар ду ҳафта қарантина ҷорӣ шавад.

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп