Бозаргони эронӣ: Тоҷикистон метавонад шарики бузурги иқтисодии Эрон бошад
Узви ҳайатраисаи палатаи савдо, саноат ва кишоварзии Теҳрон гуфт, Тоҷикистон ин зарфиятро дорад, ки ба шарики бузурги иқтисодии Эрон дар Осиёи Марказӣ табдил шавад.
Ба нақл аз Ирно, дар Семинари онлайни баррасии равобити тиҷории Эрону Тоҷикистон, фурсатҳои ҳамкорӣ барои тавсеаи муносиботи иқтисодӣ ва бозаргонии бахши хусусии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ин нишаст Саида Фотима Муқимӣ, Узви ҳайатраисаи палатаи савдо, саноат ва кишоварзии Теҳрон Тоҷикистонро кишваре “бо зарфияти табдил шудан ба шарики бузурги иқтисодии Эрон дар Осиёи Марказӣ” тавсиф карду афзуд: “Тоҷикистон метавонад аз тариқи бандарҳои ҷанубии Эрон ба обҳои озод дастрасӣ дошта бошад ва ин дар ҳолест, ки масири дастрасии Эрон ба Аврупо аз тариқи Тоҷикистон низ фурсате идеал барои иртиқои иқтисоду тиҷорати Эрон фароҳам мекунад”.
Вай ҳамчунин ба таҷрубаҳои фаннии Эрон дар заминаи саноеи нафт, газ ва нерӯ ишора карду афзуд: “Эрону Тоҷикистон илова бар густариши ҳамкориҳо дар заминаи иҷрои тарҳҳои нафту нерӯ ва сарбандсозӣ, дар ҳавзаи саноеи ғизоӣ, фулузот ва гардишгарӣ низ зарфияти болое барои ҳамкорӣ доранд, ки дар ин робита, бахши хусусии ду кишварро метавон ба якдигар васл кард”.
Ҳамчунин Ҳисомуддини Ҳилоҷ, муовини умури байналмилалии утоқи бозаргонии Теҳрон дар ин семинари маҷозӣ гуфт: “Бо вуҷуди иштирокоти фаровони забонӣ, ойинӣ, фарҳангӣ ва таърихии Эрон ва Тоҷикистон, ҳаҷми равобити иқтисодии он чунон, ки бояд рушд накардааст”.
Вай шарти эҳёи пайвандҳои дерина ва амиқтар шудани равобити мардуми ду кишварро пойдорсозии равобити иқтисодӣ, парҳез аз шаклгирии танишҳо ва талоши Эрону Тоҷикистон дар ҷиҳати эътимодсозӣ донист.
Ба гуфтаи Ҳилоҷ, дар ҳоли ҳозир ҳаҷми маҷмуи тиҷорати дуҷонибаи Эрону Тоҷикистон бидуни дар назар гирифтани тиҷорат аз тариқи кишварҳои сеюм, ҳудуди 25 миллион доллар аст.
Бештар бихонед:
-
Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон: Ҳаҷми табодулоти Эрон ва Тоҷикистон бояд ба як миллиард доллар бирасад
-
Мувофиқати Тоҷикистон бо узвияти комили Эрон дар СҲШ