Август 01, 2021 21:22 Asia/Dushanbe
  • Мақомоти тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, вилояти Суғд олудатарин минтақаи ин кишвар аз назари вируси корона аст
    Мақомоти тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, вилояти Суғд олудатарин минтақаи ин кишвар аз назари вируси корона аст

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, бо баргузории ҷаласаи Ситоди мубориза бо коронавирус хостори пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ шуд.

Ба нақл аз Спутник, раиси вилояти Суғд дар ҷаласаи Ситод гузориши масъулинро шунида, таъкид намудааст, ки беш аз 1,8 миллион сокини вилоят бояд ваксина гиранд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раиси Суғд, дар ҷаласа иттилоъ дода шуд, ки то ҳол 112 ҳазор сокинони вилоят ваксина гирифтаанд.

“Айни замон барои 500 ҳазор нафар ваксина ворид гардида, баъди ду рӯз иловатан 500 ҳазор воя ворид хоҳад шуд”, - омадааст дар иттилоия.

Дар вилоят 1 миллиону 812 ҳазор нафар сокинони аз 18 сола боло зиндагӣ доранд ва марҳила ба марҳила ҳамаи онҳо ваксина хоҳанд гирифт.

Раиси вилоят дастур дод, ки барои пешгирии интиқолу паҳншавии бемории сироятӣ аз тамоми имкониятҳо истифода бурда шуда, ҷиҳати тақвияти корҳои безараргардонӣ мунтазам чораандешӣ гардад.

Бештар бихонед:

 

Барчасп