Имзои созишномаи ҳамкории Биржаи Эрон ва Тоҷикистон
(last modified Mon, 02 Aug 2021 05:32:24 GMT )
Август 02, 2021 10:32 Asia/Dushanbe
  • Имзои созишномаи ҳамкории Биржаи Эрон ва Тоҷикистон

Масъулони Биржаи Эрон ва Тоҷикистон созишномаи ҳамкорӣ имзо карданд.

Мудирони Бурси Теҳрон ва Бурси Осиёи Миёна (Тоҷикистон) санади ҳамкорӣ имзо карданд.

Бозорҳои сармояи Эрон ва Тоҷикистон, ки нуқоти иштироки забонӣ ва фарҳангии фаровонеро дар миёни кишварҳои минтақа доранд, бо як санади ҳамкории нав фурсати ҳамкорӣ ва тавсеаи муштараки бештаре ба даст оварданд.

Бар асоси тафоҳумномаи ёдшуда, бурсҳои ду кишвар дар ростои муқаррароти бозорҳои сармояи худ ба табодули таҷрибаҳо ва тавсеаи бозорҳо хоҳанд пардохт ва заминаҳои сармоягузориву мушорикати манфиатдорон ва фаъолони иқтисодии ду кишварро осон хоҳанд кард.

 

Бештар бихонед:

Рутбаи нахусти аъзои Федератсияи Ҷаҳонии биржаҳо ба Бурси Теҳрон расид

Биржаи Теҳрон - пурбоздидтарин биржаи ҷаҳон шуд