Август 02, 2021 17:04 Asia/Dushanbe
  • Эъломи номҳои бартарин мураббӣ ва футболисти Лигаи бартари футболи Тоҷикистон

Беҳтарин мураббӣ ва футболисти Лигаи бартари футболи Тоҷикистон дар моҳи июл мушаххас шуданд.

Ба гузориши Федератсияи футболи Тоҷикистон, Абдулфаттоҳ Худододзода, муҳоҷими 17 солаи тими футболи “Динамо - Душанбе” ба унвони беҳтарин футболисти моҳ интихоб шуд.

Қаноат Латифов, сармураббии тими футболи “Ҳулбук” –и ноҳияи Восеъ низ унвони бартарин мураббии моҳро касб кард.

Ба афроди бартар лавҳи сипос ва 2 ҳазор сомонӣ эҳдо мешавад.

 

 

 

Барчасп