Август 02, 2021 20:59 Asia/Dushanbe
  • Ҳукумати Тоҷикистон талош мекунад то поёни имсол 453 миллион доллар қарз аз хориҷ дарёфт кунад
    Ҳукумати Тоҷикистон талош мекунад то поёни имсол 453 миллион доллар қарз аз хориҷ дарёфт кунад

Вазири молияи Тоҷикистон аз афзоиши 100 миллиондолларии қарзи хориҷии кишвар дар шаш моҳи нахусти имсол хабар дод.

Ба гузориши сомонаи “ТоҷВик”, Файзиддин Қаҳҳорзода ин матлабро дар нишасти хабарӣ дар Душанбе эълом кард ва гуфт: “Мизони кулли қарзи хориҷии кишвар дар шаш моҳи нахусти имсол ба 3 миллиарду 800 миллион доллар расидааст, ки баробар бо 44. 6 дарсад аз тавлиди нохолиси миллӣ мебошад”.

Вай афзуд: “Шаш моҳи нахусти имсол барои бозпардохти қарзи хориҷии Тоҷикистон 115 миллион доллар харҷ шудааст, ки 37 миллиону 700 ҳазор доллари он суди қарзҳои дарёфтшуда мебошад”.

Чин бо ҷудо кардани 1 миллиарду 200 миллион доллар қарз, ҳамчунон бузургтарин кишвари кумаккунандаи молӣ ба Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Қаҳҳорзода таъкид кардааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон талош мекунад то поёни имсол 453 миллион доллари қарз аз хориҷ дарёфт намояд.

 

Бештар бихонед: