Сохти бурҷи 121 метрӣ дар Тоҷикистон
Ширкати чинӣ ба муносибати 30-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бурҷи 121 метрӣ месозад.
Ба гузориши Форс, намояндагии ширкати муҳандисии сохту сози давлатии Чин дар пойтахти Тоҷикистон як бурҷи 121 метрӣ эҳдос мекунад.
Масоҳати ин соза ҳудӯди 12 ҳазор метри мураббаъ аст ва пешбинӣ мешавад баъд аз итмоми сохт, ин бурҷ ба яке аз аслитарин диданиҳои Осиёи Марказӣ табдил шавад.
Иртифои ин бурҷ 121 метр, қисмати миёнӣ 30 ва бахши болои он 91 метр аст, ки ин арқоми намодӣ аз 30-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон ва ҳамчунин намоде аз соли 1991, соли истиқлоли Тоҷикистон аст.
Болои ин бурҷ бо тоҷ тазйин мешавад, ки намоди парчам ва нишони кишвари Тоҷикистон аст.
Эҳдоси ин бурҷ дар июли соли 2020 оғоз шудааст.
Интизор меравад, ин бурҷ то 9 сентябри соли 2021 дар 30-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон баҳрабардорӣ шавад.
Бештар бихонед: