Вуруди худравҳои низомии вижа ба пойгоҳи 201 Русия мустақар дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i71564-Вуруди_худравҳои_низомии_вижа_ба_пойгоҳи_201_Русия_мустақар_дар_Тоҷикистон
Худравҳои размӣ ба пойгоҳи низомии 201 Русия мустақар дар Тоҷикистон ворид шуданд.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Август 03, 2021 16:57 Asia/Dushanbe
  • Вуруди худравҳои низомии вижа ба пойгоҳи 201 Русия мустақар дар Тоҷикистон

Худравҳои размӣ ба пойгоҳи низомии 201 Русия мустақар дар Тоҷикистон ворид шуданд.

Мошини ҷангии пиёдагарди муосир (BMP-2M), ки қарор аст дар размоиши муштарак дар навоҳии марзии Тоҷикистон бо Афғонистон аз онҳо истифода шавад ба пойгоҳи низомии Русия мустақар дар Тоҷикистон мунтақил шуд.

Маркази матбуотии минтақаи низомии марказии Русия эълом кард, 17 мошини ҷангии пиёдагарди муосир (BMP-2M) ба пойгоҳи низомии шумораи 201 Русия мустақар дар Тоҷикистон ворид шуданд.

Кишварҳои Русия, Узбекистон ва Тоҷикистон қарор аст аз 5 то  10 август дар размоишгоҳи "Ҳарб Майдон", размоиши низомӣ баргузор кунанд.