Август 04, 2021 10:18 Asia/Dushanbe
  • Раисиҷумҳури Тоҷикистон вориди Ашқобод шуд

Раисиҷумҳури Тоҷикистон вориди Ашқобод, пойтахти Туркманистон шуд.

Ба гузориши сомонаи Ховар, қарор аст, Эмомалӣ Раҳмон дар ин сафар бо Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон дидор кунад.

Дар фурудгоҳи Ашқобод, ки бо парчамҳои Тоҷикистону Туркманистон ва сафҳои горди фахрӣ ороста шуда буд, Сарвари давлати Тоҷикистонро намояндагони воломақоми Туркманистон самимона истиқбол гирифтанд.

Дар ҷаҳорчӯби барномаи сафари давлатӣ 4 август миёни Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва ҳайатҳои расмии ду ҷониб мулоқоту музокироти расмии сатҳи олӣ ҷараён гирифта, масъалаҳои вобаста ба рушди муносиботи дӯстӣ ва густариши ҳамкории бисёрпаҳлӯи ду кишвар баррасӣ мегардад. Дар назар аст, ки аз рӯйи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ якчанд санади нави ҳамкорӣ ба имзо расад.

Ин сафар идомаи мантиқии дидору мулоқотҳои сатҳи олии миёни ду кишвар буда, интизор меравад, ки натиҷаҳои он ба густариши бештари муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвар такони ҷиддӣ бахшад.

 

Барчасп