Коҳиши довталабони вуруд ба риштаҳои улуми таҷрибӣ дар Тоҷикистон
(last modified Wed, 04 Aug 2021 13:22:11 GMT )
Август 04, 2021 18:22 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши довталабони вуруд ба риштаҳои улуми таҷрибӣ дар Тоҷикистон

Довталабони вуруд ба риштаҳои улуми таҷрибӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст.

Мудири Маркази миллии тестии Тоҷикистон аз коҳиши теъдоди довталабони вуруд ба риштаҳои улуми таҷрибӣ ибрози нигаронӣ кард.

Ба гузориши сомонаи “Азия плюс”, Хуршед Икромӣ дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт: Сабти номи довталабон дар риштаҳои улуми таҷрибӣ дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли қабл 12 дарсад коҳиш доштааст.

Вай афзуд: Имсол довталабон барои идомаи таҳсил дар ду риштаи иқтисоду ҷуғрофиё камтар аз муддати мушобеҳи соли гузашта истиқбол карданд, аммо бештари мутақозиён хостори таҳсил дар риштаҳои пизишкӣ ва парасторӣ буданд.

Мудири Маркази миллии тестии Тоҷикистон эълом кард, дар 6 моҳи аввали имсол 91 ҳазору 531 нафар вориди донишгоҳҳо ва марокизи омӯзиши касбу ҳунарҳои кишвар шуданд, ки ин теъдод дар муқоиса бо соли қабл ҳудуди 9 дарсад камтар аст.