Август 05, 2021 09:56 Asia/Dushanbe
  • Рӯнамоии албоми “Бухоро”, хонандагони Эрон ва Тоҷикистон барои мероси муштарак хонданд

Маросими рӯнамоии албоми “Бухоро” дар толори ваҳдати Теҳрон баргузор шуд.

Ба нақл аз яке аз манобеи хабарии Осиёи Марказӣ, маросими рӯнамоии албоми “Бухоро”, бо ҳузури Содиқи Чароғӣ, оҳангсоз ва Ваҳиди Тоҷ, хонандаи қисмати Эронии ин асари мусиқӣ дар толори ваҳдати Теҳрон баргузор шуд.

Содиқи Чароғӣ, оҳангсози албоми “Бухоро” дар ибтидои ин маросим гуфт: Солҳо дар бораи ашъори Фирдавсӣ ва Рӯдакӣ фикр кардам.

Ӯ афзуд: Хушбахтона дар солҳои гузашта тавонистам албоме дар бораи мусиқӣ тавлид кунам, ки бо истиқболи хубе ҳам мувоҷеҳ шуд.

Оҳангсози албоми “Бухоро” изҳор кард, дағдағаи 15 солаи ман дар бораи Рӯдакӣ ба бор нишаста ва натиҷаи он ҳамин албоми кӯчак аст, ки умедворам бозхурдҳои он хуб бошад.

Вай бо қадрдонӣ аз бунёди Рӯдакӣ барои ҳимоят аз тавлиди ин албом афзуд: Бояд талош кунем, то ин инсонҳои бузург ба мардум шиносонда шаванд.

Содиқи Чароғӣ ҳамчунин аз Афзалшоҳи Шодӣ, хонандаи тоҷикистонӣ қадрдонӣ кард, ки дар ин тарҳи ҳунарӣ ҳузур дошт.

Чароғӣ дар дар идома дар бораи далели ҳамкорӣ бо хонандаи тоҷикистонӣ дар канори Ваҳиди Тоҷ гуфт: Муътақидам ба инки ҷони каломи мусиқии шарқӣ якест ва тафовути моҳиятӣ бо ҳам надоранд.

Ваҳиди Тоҷ хонандаи албоми “Бухоро” низ дар идомаи ин нишаст гуфт: Тарҳе, ки дар қолаби як кор бо ҳунармандони тоҷикистонӣ сӯрат мегирад ва умедворам битавонад бештар аз инҳо миёни мардум дида шавад.

Ӯ афзуд: Мо агар битавонем кӯдакону навҷавононро бо адабиёти Эрон бештар аз инҳо ошно кунем, қатъан бо иттифоқоти хушоянде мувоҷеҳ мешавем, ки метавонад дар пешбурди аҳдофи фарҳангии мо таъсиргузор бошад.

Дар поёни ин маросим аз постери албоми “Бухоро” ба оҳангсозии Содиқи Чароғӣ ва хонандагии Ваҳиди Тоҷ аз Эрон ва Афзалшоҳи Шодӣ аз кишвари Тоҷикистон рӯнамоӣ шуд.