Имзои 19 санади ҳамкорӣ дар дидори раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Туркманистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i71636-Имзои_19_санади_ҳамкорӣ_дар_дидори_раисони_ҷумҳури_Тоҷикистон_ва_Туркманистон
Ин аснод дар ҷарёни сафари давлатии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон ба тасвиб расид.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 05, 2021 11:29 Asia/Dushanbe
  • Имзои 19 санади ҳамкорӣ дар дидори раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Туркманистон

Ин аснод дар ҷарёни сафари давлатии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон ба тасвиб расид.

Ба нақл аз Спутник, дар доираи сафари давлатӣ дар Туркманистон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов тавофуқ ҳосил шуд, ки ба доираи ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталифи иқтисод тавсеа бахшида шуда, ба афзоиши ҳаҷми тиҷорати мутақобила ва тавсеаи доираи он бо дарназардошти имконоти ҷонибҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.

Барои рушди ҳамкории сиёсӣ ва тиҷоратӣ - иқтисодӣ роҳандозии тадбирҳои татбиқи Барномаи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ то соли 2023, инчунин ташкили Харитаи роҳи афзоиши тиҷорат дар ду соли оянда зарур шумурда шуд.

Инчунин дар изҳороти муштараки Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов гуфта мешавад, сарони давлатҳо изҳори итминон карданд, ки хислати устувор ва боэътимод доштани муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Туркманистон ба манфиатҳои ҳаётан муҳим ва дарозмуддати мардумони ду кишвар ҷавобгӯ буда, ҳамчун омили калидии таъмини сулҳу субот ва амният дар минтақа хидмат мекунад.

Президентҳо аҳаммияти густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон ва Туркманистон, афзоиши ҳаҷми тиҷорати мутақобила ва тавсеаи номгӯи онро зикр карданд.

Бештар бихонед:

Раисиҷумҳури Туркманистон: Кишварҳои минтақа бояд аз зарфиятҳои тиҷории хати оҳани Қазоқистон-Туркманистон-Эрон истифода кунанд