Август 05, 2021 12:50 Asia/Dushanbe
  • Боздошти 143 нафар ба иттиҳоми терроризм аз ибтидои имсол токунун дар Тоҷикистон

Дар ҳамин ҳол, масъулини ВКД таъкид доштанд, ки дар шаш моҳи аввали соли равон 143 нафарро бо гумони узвият дар созмонҳои мамнуъ ва террористиву ифротгаро дастгир кардаанд.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ гуфт, ки 23 нафари онҳо узви созмонҳои марбут ба мухолифин, аз қабили “Гуруҳи 24”, Ҳизби наҳзати исломӣ ва Паймони миллии Тоҷикистон ҳастанд.

ВКД мансубияти ин 143 нафарро дар нишасти матбуотӣ эълон кард: “Ихвон-ул-муслимин” – 3 нафар, “Давлати исломӣ” (ДОИШ) – 26 нафар, “Салафия” – 45 нафар, “Гурӯҳи 24” – 13 нафар, ҲНИТ – 6 нафар, “Ансоруллоҳ” – 9 нафар, “Ҳизб-ут-таҳрир” – 6 нафар, “Ал-Қоида” – 3 нафар, “Ҷамоати таблиғ” – 8 нафар, Ҳаракати исломии Узбекистон – 5 нафар, Паймони миллии Тоҷикистон – 4 нафар.

Вай ҳамчунин таъкид дошт, ки дар натиҷаи баргузор кардани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз соли 2015 то инҷониб ба кишвар 647 нафар аъзоёни ташкилотҳои терроритию экстремистӣ, иштирокчиёни амалиётҳои мусалаҳона дар дигар кишварҳо ба зодгоҳ, ба ҳаёти хушу осуда баргардонида шудаанд.

Вазир корҳои дохила қайд кардааст, ки дар Тоҷикистон дар ин давра се ҳамлаи террористӣ пешгирӣ карда шудааст.

Бештар бихонед:

Судури ҳукми зиндон барои як мубаллиғи ақоиди ифротигарӣ дар Тоҷикистон