Истиқболи сарони кишварҳои Осиёи Миёна аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи санъатии Туркманистон
Ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи маҳсӯлоти санъатӣ дар шаҳри Туркманбошии Туркманистон мавриди истиқболи сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва боздидкунандагон қарор гирифт.
Ба гузориши сомонаи Спутник, 12 ширкати тавлидии Тоҷикистон маҳсулоти худро, ки шомили либос, дар гӯшаи тоҷикӣ таомҳои миллӣ, маҳсулоти қаннодӣ, нонҳои гуногун, шириниҳо, маҳсулоти кишоварзӣ аз қабили мевагиҳо, сабзавот, полезӣ, хушкмева инчунин асал ва 20 намуд гиёҳҳои шифобахш ба маъраз гузошта шуд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Қазоқистон - Қосим-Жомарт Тоқаев, Қирғизистон - Содир Ҷабборов, Ӯзбекистон - Шавкат Мирзиёев ва раисиҷумҳури Туркманистон, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҳангоми боздид аз ғурфаи Тоҷикистон аз намунаҳои маҳсӯлоти санъатии ин кишвар истиқбол карданд ва хостори густариши ҳамкориҳои бозаргонӣ бо тавлидкунандагони тоҷик шуданд.
Шералӣ кабир, вазири саноеъ ва фанновариҳои навини Тоҷикистон, ба сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва боздидкунандагон дар бораи тавонмандиҳои ширкатҳои саноатии тоҷикистонӣ, тавзеҳоте ироа кард.
Ин намоишгоҳ дар ҳошияи дидори машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Туркманбошии Туркманистон дар соҳили дарёи Хазар, баргузор гардид.
Бештар бихонед: