Зиндагии 700 ҳазор муҳоҷири ғайриқонунӣ дар Русия
(last modified Sun, 08 Aug 2021 10:29:56 GMT )
Август 08, 2021 15:29 Asia/Dushanbe
  • Зиндагии 700 ҳазор муҳоҷири ғайриқонунӣ дар Русия

Ҳудуди 700000 муҳоҷири ғайриқонунӣ дар Русия зиндагӣ мекунанд.

Ба нақл аз яке аз манобеи хабарии Осиёи Марказӣ, бештари муҳоҷирони ғайриқонунӣ атбои кишварҳои муштаракулманофеъ ҳастанд.

Александр Гурови, муовини аввали вазири кишвари Русия дар дидори маҷозӣ бо намояндагони кишварҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Украина ин хабарро эълом кард.

Ин дар ҳолест, ки июни имсол Владимир Путин, раисҷумҳури Русия фармони тамдиди иқомати муваққати муҳоҷирон дар ин кишварро имзо кард.

Тибқи дастури раисҷумҳури Русия, муҳоҷирони ғайриқонунӣ то 30 сентябри 2021, фурсат доранд, то иқомати худро дар намояндагиҳои идораи муҳоҷирати Русия сабт ва қонунӣ кунанд.

Бештар бихонед:

Тоҷикистон омори Русия дар бораи муҳоҷирони ғайриқонунии тоҷикро дуруст намешуморад