Август 10, 2021 09:02 Asia/Dushanbe
  • Боздошти муовини раиси яке аз донишгоҳҳои шаҳри Душанбе ба далели дарёфти ришва

Муовини раиси факултети фанноварии иттилоот ва иртибототи Донишгоҳи муҳандисии компютери шаҳри Душанбе ба далели дарёфти ришва боздошт шуд.

Ба гузориши “Азия плюс”, вай муттаҳам аст, ки аз донишҷӯе дар ивази интиқол ба факултети маҳалли хидмати худ 4 ҳазор сомонӣ ришва гирифтааст.

Ба гуфтаи маркази матбуотии Агентии мубориза бо фасоди Тоҷикистон, Комрон Қурбонов, муовини факултети фанноварии иттилоот ва иртибототи Донишгоҳи муҳандисии компютер дар шаҳри Душанбе буд.

Гуфта мешавад, ки Комрон Қурбонов ҳангоми дарёфт ришва боздошт ва ин маблағ ҳам ба унвони санади ҷурм сабту забт шуд.

Маркази матбуотии Агентии мубориза бо фасоди Тоҷикистон эълом кард, бар асоси муҳтавои моддаи 247 (қаллобӣ) қонуни муҷозоти Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ алайҳи Қурбонов ташкил шудааст.

Дар ин модда аз қонун барои фарди муҷрим то 5 соли зиндон дар назар гирифта шудааст.