Амнияти минтақаӣ, меҳвари дидори мақомоти тоҷик ва чинӣ
Август 11, 2021 08:43 Asia/Dushanbe
Муовини вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон бо намояндаи вижаи вазорати умури хориҷаи Чин дар Душанбе дидор кард.
Ба гузориши сомонаи вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, Фарҳод Салим, муовини вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон ва Юе Сяоюн, намояндаи вижаи вазорати умури хориҷаи Чин дар шаҳри Душанбе бо якдигар дидор ва гуфтугӯ карданд.
Дар ин дидор ҳамкории ду кишвар дар заминаи мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва таҷзияталабӣ, баррасӣ шуд.
Тарафайн дар ин мулоқот дар бораи амнияти минтақаӣ низ гуфтугӯ карданд.
Бештар бихонед:
- Мувофиқати Чин бо ирсоли 300 ҳазор доз воксани корона ба Тоҷикистон
- Чин бузургтарин сармоягузори хориҷӣ дар иқтисоди Тоҷикистон
Барчасп