Ноябр 03, 2016 10:54 Asia/Dushanbe
  • Зиндон ё ҷаримаи молии камаршикан: Муҷозоти тавҳин ба Эмомалӣ Раҳмон

Раисиҷумҳури Тоҷикистон тарҳи ислоҳи Қонуни муҷозоти тавҳин ба Пешвои Миллатро имзо кард.

Ба гузориши сойти Озодагон, ба мӯҷиби ин тарҳ, ки барои тасвиб ба Маҷлиси намояндагон ирсол хоҳад шуд, афроде, ки дар расонаҳо ва интернет ба раисҷумҳури Тоҷикистон тавҳин кунанд, ба панҷ сол зиндон маҳкум хоҳанд шуд.

Ин тарҳ аз сӯи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ироа шуда ва ҳукумат низ мувофиқати худро бо он эълом кардааст.

Бар асоси ин гузориш, додгоҳҳои Тоҷикистон метавонанд афроди тавҳинкунандаро ба ҷои муҷозоти ҳабс, ба пардохти ҷаримаи молии калон маҳкум кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бар асоси қонуне, ки дар Маҷлиси намояндагони ин кишвар тасвиб шуд, дорои унвонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои Миллат ва Тоҷикистони мустақил аст ва ҳеҷ маҳдудите барои ҳузури чандинбора дар мақоми риёсатҷумҳурии ин кишвар надорад.