Август 11, 2021 20:52 Asia/Dushanbe
  • Оғози давраҳои омӯзишии мураббигарии дараҷаи A –и Осиё дар Тоҷикистон

Аввалин давраи омӯзишии мураббигарии дараҷаи "А" –и Конфедератсияи футболи Осиё дар ноҳияи Турсунзода оғоз шуд.

Ба гузориши сомонаи хабарии Федератсияи футболи Тоҷикистон, охирин бор чаҳор соли пеш давраҳои омӯзишӣ барои мутақозиёни дарёфт дараҷаи мураббигарии "A" –и Конфедератсияи футболи Осиё дар Тоҷикистон баргузор шуд.

Мударриси ин давра Боир Эгамбердиев ва дастёри вай Мубин Эргашев, сармураббии тими миллии ҷавонони Тоҷикистон (зери 23 сол) аст.

Дар ҷаласаи ифтитоҳияи давраҳои омӯзишӣ Солеҳиддин Ғафуров, мудири фаннии Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳузур дошт.

Дар ин давра, ки 23 август поён меёбад, 24 дархосткунандаи дарёфти мадраки мураббигарӣ ширкат доранд.