Август 12, 2021 08:09 Asia/Dushanbe
  • Таҳдиди амниятии Толибон барои Тоҷикистон

Вазири дифои Тоҷикистон гуфт: Гурӯҳи Толибон барои Тоҷикистон таҳдид ҳастанд.

Ба гузориши "Спутник", Шералӣ Мирзо дар гуфтугӯ бо фармондеҳони Русия ва Узбакистон гуфт: Суботи Осиёи Марказӣ то ҳадди зиёде ба вазъияти сиёсиву низомии Афғонистон бастагӣ дорад.

Вай Толибонро хатари вижа барои амнияту суботи Тоҷикистон донист. Шералӣ Мирзо афзуд: Созмонҳои террористӣ дар Афғонистон сохтори созмонёфта доранд ва муҷаҳҳаз ба силоҳҳои ҷадиду роҳбурдии амалии хосе ҳастанд.

Вазири дифои Тоҷикистон аз ҷомеаи байналмилиалӣ ва кишварҳои минтақа хост, ба ин таҳдидҳо бетафовут набошанд.

Вазири дифои Тоҷикистон бо ишора ба ин ки Тоҷикистон ва Узбакистон бо Афғонистон ҳаммарз ҳастанд, изҳор дошт: Нерӯҳои ду кишвар дар хати муқаддами мубориза бо таҳдидҳои террористӣ қарор доранд.

Вай ҳамчунин гуфт: Русия ва пойгоҳи низомии 201 ин кишвар дар хоки Тоҷикистон нақши басазое дар таъмини амнияти минтақа ифо мекунад.

Вазири дифои Тоҷикистон гуфтугӯ ва музокира бо мақомоти Узбакистону Русияро муваффақиятомезу мусбат арзёбӣ кард.

Шералӣ Мирзо баён дошт: Нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳо қодир ба посухгуӣ ба ҳар гуна таҳдид ҳастанд.

 

Бештар бихонед: