Таҳдиди Русия ба қатъи иртиботи ҳавоӣ бо Тоҷикистон
(last modified 2016-11-03T08:29:58+00:00 )
Ноябр 03, 2016 13:29 Asia/Dushanbe
  • Таҳдиди Русия ба қатъи иртиботи ҳавоӣ бо Тоҷикистон

Вазорати ҳамлу нақли Русия, ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистонро ба қатъи парвозҳо миёни ду кишвар муттаҳам кард.

Ба гузориши сойти нашрияи русии Коммерсант, Вазорати ҳамлу нақли Русия дар баёнияе таҳдид кард, агар мақомоти ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон мавзуи ҳамоҳангӣ бо Маскав, дар заминаи парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ аз фурудгоҳи ҷадиди Жуковскийро то рӯзи ҳаштуми ноябри 2016 ҳал накунанд, иртиботи ҳавоӣ миёни ин ду кишвар қатъ хоҳад шуд.

Дар баёнияи ин вазорат таъкид шудааст, ки мақомоти Вазорати нақлёти Тоҷикистон аз ҳамоҳангӣ миёни ду кишвар дар бораи парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарии ширкатҳои Русия аз ин фурудгоҳи ҷадид худдорӣ мекунанд.

Вазорати нақлёти Тоҷикистон ихтилофи назар бо Русияро дар ин замина таъйид кардааст,

аммо бо ин ҳол, Муҳаммадюсуф Раҳмонов, мудири идораи ҳавопаймоии Тоҷикистон- вобаста ба Вазорати нақлёт гуфтааст, дар дидори ҳайтҳои давлатии ду кишвар дар 24 ноябр, ин мавзу баррасӣ хоҳад шуд.

Ин вазоратхона таъкид кардааст, парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ аз фурудгоҳи ҷадиди Русия ба Тоҷикистон ба зиёни ширкатҳои ҳавопаймоии тоҷик тамом хоҳад шуд ва танҳо ширкатҳои русӣ аз афзоиши парвозҳо суд мебаранд, зеро бо фарорсидани фасли сармо, муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон бармегарданд, аммо мусофири кофӣ барои парвоз аз Тоҷикистон ба Русия вуҷуд надорад.