Дастрасии 50 ҳазор дозаи ваксинаи " Спутник V "- Русия ба Тоҷикистон
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, кумакҳои Русия шомили 50 ҳазор дозаи ваксинаи " Спутник V "-ро дарёфт кард .
Ба гузориши хабаргузории Форс, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон рӯзи шанбе эълом кард: Кумаки Русия шомили 50 ҳазор дозаи ваксинаи " Спутник V " дар чорчуби ҳамкории давлатҳои ду кишвар ва ба сурати башардӯстона дар заминаи мубориза бо вируси ҳамагири корона сурат гирифтааст .
Тоҷикистон то ба имрӯз дар чорчуби ҳамкории дуҷониба бо кишварҳои дигар 4 миллион дозаи ваксинаи Астра Зенека, Кронавак и Модерна дарёфт кардааст .
Бар асоси иттилоъияи вазорати беҳдошти Тоҷикистон то 11 август дар ин кишвар дар маҷмӯъ 1 миллиону 541 ҳазору 475 нафар ваксина шудаанд .
Ҳамчунин теъдоди афроде, ки ҳар ду дозаи ваксинаи зидди коронаро дар ин кишвар дарёфт кардаанд, беш аз 130 ҳазор нафар аст .
Ваксинасияи ҷамъии ҷамъияти Тоҷикистон дар 3 июли соли ҷорӣ барои ҷамъияти болои 18 сол иҷборӣ эълом шуд.
Бештар бихонед :
- Тазриқи ваксинаи корона ба беш аз 1 миллиону 500 ҳазор нафар дар Тоҷикистон
-
Пешниҳоди иҷрои қарантинаи комил ба мақомоти Тоҷикистон барои маҳори вируси корона